Насима Сӯфишоева модари се фарзанд нимаи моҳи июн аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст, вале ба нақли манобеъи Радиои Озодӣ мақомоти интизомӣ дар бораи ҷойи нигоҳдории ӯ ва ҷараёни тафтишот ба наздиконаш чизе намегӯянд.
Насима аз соли 2005 дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа фаъолият доштааст ва сипас ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст. Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони бадахшонӣ ва мухолифони тоҷик дар хориҷ рӯзи 7 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, сарнавишти норушани Насима Сӯфишоева баъди истирдод на фақат наздикон, балки ҷомеъаи фаъоли Бадахшонро нигарон кардааст. Ӯ афзуд: “«Оё вай бо вакили мудофеъ таъмин ҳаст, ё не ҳеҷ кас намедонад. Наздиконаш чанд вақт пеш дар бораи истирдоду боздошти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд ва зуд пок карданд.»
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, Насима хоҳари Сӯфишо Ғарибшоев муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилаи Роштқалъа аст. Як манбаъ аз Хоруғ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ барои он аз Русия дархости истирдоди Насима Сӯфишоеваро кардаанд, ки ӯро дар як видеоҳои пешин аз ҳамоиши эътирозии зодагони Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар Русия дидаанд.
Саҳифаи «Pamir Inside» дар хориҷи Тоҷикистон навиштааст, Насима Сӯфишоеваро пулиси Маскав дар метрои Маскав боздошт карда, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ба навиштаи ин саҳифаи фейсбукӣ баъди ба Душанбе овардани ӯ, мақомот доир ба парванда ва ҷойи нигаҳдориаш ба касе хабар надодаанд. «Pamir Inside» навиштааст, ки баъди истирдод, се духтари Насима Сӯфишоева дар Маскав мондаанд.
Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро ба иттиҳоми барангехтани нооромиҳо дастгир ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба муҳокимаҳои ”ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.”